Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, матни паёми Раҳбари инқилоб ба ин шарҳ аст:
بسم الله الرّحمن الرّحیم
والحمدلله رب العالمین و صلّی الله علی محمد و آله الطاهرین سیما بقیة الله فی العالمین ارواحنا فداه.
Худои мутаъолро бар идомаи суннати муборак ва некӯи бузургдошти намоз сипос мегӯям ва аз ҷаноби ҳуҷҷатулислом Қироатӣ, олими муҷоҳиду равшанбин, ки поягузори ин ҳаракати пурбаракатанд, самимона ташаккур мекунам.
Намозро наметавон дар шумори ниёзҳои ҷории фард ва ҷомеъаи мусулмон донист. Ин фаризаи бузург басо фаротар аз ин ниёзҳо нақш меофаринад. Онро бояд ҳамчун рӯҳ барои андомҳои бадани инсон ё ҳамчун ҳаво дар муқоиса бо дигар ниёзҳои моддии инсон донист. Инки қабули ҳамаи ибодатҳо ва хизматҳои худоӣ ба қабули намоз вобаста шуда, ва инки амр ба намоз ва истодагӣ бар он аз Паёмбар мутолиба шуда, ва инки намоз нахустин илзом дар ҳокимияти солеҳон дониста шуда ва инки иқомаи он ва таъкид бар он беш аз ҳар воҷиби дигар дар Қуръон такрор шуда, ҳамаи далел бар ҷойгоҳи бемисоли ин фаризаи илоҳӣ аст.
Тарвиҷи намоз дар миёни насли ҷавону навҷавон, калиди густариши ин неъмати илоҳӣ ва ҷойгузин шудани он дар ҷойгоҳи шоистаи он аст. Мутасадиёни корҳои муртабит бо ҷавонон ва навҷавонон, аз хонавода, то мадриса ва то донишго, ва то муҳитҳои варзишӣ, ва то олимони динӣ дар мадорис ва донишгоҳҳо ва то маҷмуаҳои басиҷӣ дар масоҷид ва то ҳамаи воҳидҳои басиҷ, ва то маҷмӯаҳои ҷиҳоди созандагӣ ва гуруҳҳои ҷиҳодӣ ва назоири инҳо, бояд худро мухотаби ақимусалоҳ бидонанд, роҳҳои омухтан ва гузордани намоз ва кайфиятбахшидан ба онро барои насли нав ҳамвор кунанд. Ба намоз, ба масҷид, ба ҳузури қалб, ба таваҷҷуҳ ба маъонии намоз, ба донистани аҳкоми намоз, ҷозиба бабахшанд, ва ба маънои воқеӣ, намозро иқома кунанд. Аз Худованди мутаъол тавфиқоти ҳамагонро хосторам.